Бонкҳо овозаҳои норасоии пули нақд дар банкоматҳоро рад мекунанд

Date:


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз нигаронии аҳолии ҷумҳурӣ бинобар норасоии шадиди пули нақд дар банкоматҳо, бонкҳои Тоҷикистон ҷой доштани чунин мушкилотро рад месозанд.




Тавре раиси маркази робита бо ҷомеа ва рекломи ҶСК «Агроинвестбонк» Исматулло Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳамаи ин овозаҳо буда, онро бонкҳои рақиб паҳн мекунанд». «Ахири соли гузашта ба иллати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба шарикони мо дар кишварҳои дигар чунин мушкилот ҷой дошт ва муштариёнро лозим омад, барои гирифтани пули нақд чаҳор рӯз сабр кунанд, вале феълан ин мушкилот пурра роҳи ҳалли худро ёфтааст ва дар ҳамаи 51 адад банкоматҳои бонк дар кишвар айни замон ба қадри кофӣ пули нақд ҳам бо доллари амрикоӣ ва ҳам бо сомонӣ мавҷуд аст», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, муштариёни бонк бемалол метавонанд барои пардохти маблағ дар 59 нуқтаи фурӯш, ки терминалҳои бонк мавҷуданд, аз корти плостикӣ тавассути пардохти ғайринақдӣ истифода намоянд.



Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти матбуоти бонки тиҷоратии дигар – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Қурбон Восиев низ изҳор дошт, ки ҳақиқатан ахири соли гузашта чуни мушкилот рӯи кор омад, вале он муваққатӣ буда, айни замон пурра ҳал шудааст.



Ба қавли Қ.Восиев, он замон ба иллати овозаҳои бардурӯғи наздик омадани бӯҳрони молиявӣ ва хонабардӯш шудани бонкҳои кишвар ва ҳамчунин наздикшавии соли нав бо сабабҳои маълум ба аҳолӣ пули нақд бештар лозим шуд ва кормандони бонк на ҳама вақт имкон доштанд, банкоматҳоро бо пули нақд тъмин созанд. «Имрӯз пас аз гузашти ид мардум эътимод ҳосил кард, ки ба бонки мо муфлисшавӣ таҳдид намекунад ва банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк» ба таври маъмуливу мунтазам кор мекунанд», – афзуд ӯ.



Чунин овозаҳои норасоии пули нақдро дар ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» низ рад сохтанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...