Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси тоҷик оид ба масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов дар мавриди шарҳи қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Аштархон зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон оид ба ҳодисаи дар он ҷо рухдода чизи мушаххасе гуфтан душвор аст, зеро қазия аз як ҷониб – ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» инъикос ёфтааст ва то ҳанӯз нуктаи назари мақомоти расмӣ мавҷуд нест.
«Тибқи иттилои интишорнамудаи сомонаи
www
.
tajmigrant
.
com
, вазъ чунин аст, ки мақомоти марзбонӣ ё гумруки Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷики ба ватан сафардоштаро ба иттиҳоми қонуншикание (маълум нест кадом қонуншиканӣ) ба кадом як ҷониби номаълуми саввум супурдаанд ва ҷониби саввум онҳоро таҳти асорат гирифта, аз онҳо маблағҳои зиёди пулӣ меситонад. «Агар воқеъан ҳам вазъ чунин бошад, пас ин ҷо ошкоро нақзи қонугузории Тоҷикистону Русия ҷой дорад ва ин қазия хусусияти ҷинояткориро дорост», – мегӯяд ӯ.
Ба ақидаи коршинос, аввал, маълум нест, ки чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия (агар қонунҳои Русия нақз шуда бошанд) шаҳрвандони тоҷики боздоштшударо ба ҷониби саввум додаанд. «То ҷое, ки ман огаҳам, дар ин ҳолат бояд худи мақомоти дахлдор ҷарима ситонанд, на тавассути миёнаравон, – мегӯяд ӯ. – Дуввум, маълум нест, ки чӣ тавр ҷониби саввум ҳуқуқ пайдо кардааст, ки муҳоҷиронро зери асорат гирад (охир ин аллакай боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар бораи боздошти ғайриқонунӣ ва «гаравгон гирифтан» аст (моддаи 1261, КҶ Русия) ва ба онҳо кӣ ҳуқуқ додааст, ки барои нақзи қонунгузории Русия аз муҳоҷирон ҷарима ситонанд?».
П.Муллоҷонов зикр мекунад, ки ҳамчунин маълум нест, ки чаро ин созмон аз номи мақомоти расмии Тоҷикистон изҳорот пахш мекунад, зеро хадамоти русиягӣ бидуни асос ва пешниҳоди асноди мутобиқ муҳоҷиронро ба ҷониби саввум дода наметавонистанд. «Ин нишондиҳандаи он аст, ки ҷониби саввум (гурӯҳи ҷинояткори муташаккил – дар иттилои ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик он чунин интишор шудааст) аснодеро пешниҳод сохтааст, ки тибқи он намояндаи мақомоти расмии Тоҷикистон буданашро тасдиқ сохтааст, – идома медиҳад коршинос. – Агар ҳуҷҷатҳо қалбакӣ бошанд, пас ин боз нақзи қонуншикании Тоҷикистону Русия аст, вале агар ҳуҷҷатҳо ҳақиқатан ҳам аз ҷониби мансабдори тоҷике дода шуда бошанд, мақомоти дахлдорро зарур аст, бисанҷанд, ки дар кадом асос ин гурӯҳ ҳуқуқ пайдо кардааст (аз номи давлати Тоҷикистон) шаҳрвандони тоҷикро дар қаламрави бегона (Русия) ба асорат гирифта, аз онҳо барои нақзи қонунҳои бегона (русиягӣ) ҷарима ситонад».
Коршинос бар ин назар аст, ки қазияи мазкур таҷассумгари тамоили умумиест, ки феълан дар бахши содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Русия рӯи кор омадааст. Дар идомаи гуфтораш П.Муллоҷонов инчунин баён дошт: «Чун солҳои ахир назорати мақомоти қудратии Русия аз болои марзбонону гумрукчиён пурзӯр гардид, акнун онҳо бо намояндагони гурӯҳҳои ҷинояткор (тоҷик, украин ва ғайра) забон карда, ба ин васила аз муҳоҷирон маблағ меситонанд. Дар аксари ҳолатҳо чунин тарзи тамаъҷӯӣ ҷалби мансабдорони алоҳидаро аз сафоратҳо низ пешбинӣ мекунад, ки онҳо гурӯҳҳоро ҳимоят карда, ба онҳо ва «ширкатҳои» онҳо ҳуҷҷатҳо медиҳанд ва гуфтушунид мекунанд».
Ба ақидаи коршинос, қазияи мазкур ҳамчунин гувоҳи он аст, ки то кадом андоза масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилои сиёсӣ ба бар кардааст, чунки беш аз миллион нафар шаҳрвандони мо дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва аз вазъи фаъолияту будубоши онҳо ояндаи сиёсии кишвар вобаста аст. «Аз ин рӯ, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд», – гуфт ӯ.
П.Муллоҷонов мегӯяд, бо мақсади таҳкими субот мақомоти дахлдори кишварро зарур аст, ба масоили ҷорӣ сохтани тартибот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва пешгирии фасод дар бахши хизматрасониҳои нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо таваҷҷуҳи бештар диҳанд. «Танҳо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин росто басанда нест, – изҳор дошт вай. – Барои ҳалли муваффақонаи ин масъала шояд андешидани чораҳои қонунӣ, ҷалби васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои дахлдори ғайриҳукуматӣ, агентиҳои байнулмилалӣ ва диаспораҳои тоҷик дар Русия низ зарур бошад».



