Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта тавассути сохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» дар ҷумҳурӣ беш аз 14 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли пешин 2 млрд. кВт/соат камтар аст.
Тавре сармуҳандиси ширкати мазкур Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин ҳаҷм ҳудуди 20 млн. кВт/соат дар 101 нерӯгоҳи хурди барқӣ тавлид гаштааст. Иқтидори нерӯгоҳҳои хурд 4,5 ҳазор кВт/соат аст.
Ба гуфтаи ӯ, боз 1 млрд. 100 млн. кВ/соат нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 истеҳсол гардидааст. «Соли сипаригашта воридоти барқ ба ҷумҳурӣ 1 млрд. 900 млн. кВт/соатро ташкил дода, содироти он аз кишвар ба 1 млрд. кВт/соат баробар шуд», – афзуд Р.Гулов.




