А.Раҳнамо: Тоҷикистон ба нахуствазири зиддибӯҳронӣ бо барномаи зиддибӯҳронӣ ниёз дорад

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ маъмулан моҳи тағйирот дар ҳайати ҳукумат ба шумор меравад. Ба ақидаи коршиносон, соли равон зарурати тағйироти кадрӣ бечунунаро вуҷуд дорад. Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо бар чунин назар аст, ки тағйироти ҷиддӣ дар бахши иқтисодии сохтори ҳукумат зарур аст. «Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки оқибатҳои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ маъмулан моҳи тағйирот дар ҳайати ҳукумат ба шумор меравад. Ба ақидаи коршиносон, соли равон зарурати тағйироти кадрӣ бечунунаро вуҷуд дорад.




Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо бар чунин назар аст, ки тағйироти ҷиддӣ дар бахши иқтисодии сохтори ҳукумат зарур аст. «Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки оқибатҳои онро Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ эҳсос хоҳад кард, ба сари вазифа омадани нахуствазири зиддибӯҳронӣ бо барномаи зиддибӯҳронӣ мувофиқи мақсад мебуд», – гуфт ӯ.



Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, аз ӯҳдаи иҷрои чунин вазифаи пурмасъулият раиси БМТ Шариф Раҳимзода, раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Саъдуллоев, директор оид ба масоили тиҷорат ва молияи КВД «Талко» Шералӣ Кабиров ва собиқ нахуствазир ва тоҷири муваффақи имрӯз Яҳё Азимов ба хубӣ баромада метавонанд.



Дар ҳамин ҳол, коршинос мӯътақид аст, ки ба риояи усули маъмулии «зодаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ» будани нахуствазир зарурате нест, зеро ҳар сарвазире, ки дар бахши идораи иқтисоду кадрҳо ваколати зарурӣ дорад, метавонад фаъолияти пурсамари ҳукуматро ба роҳ монад. «Танҳо дар чунин сурат ӯ метавонад дар назди президент ва халқ масъулият дошта бошад», – афзуд коршинос.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.