Дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модар кӯдаки навзодашро ба ивази 200 $ фурӯхт

Date:


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як зани ҷавон – сокини шаҳри Душанберо ҳангоми кӯшиши фурӯши кӯдаки навзодаш боздошт карданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорати умури дохилаи кишвар – Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, кормандони раёсат дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модари тифли навзод Фарзона Хоҷаеваи 24-соларо ҳангоме ки вай писарашро бар ивази 200 доллар ба шаҳрванд Шаҳло Маликоваи 32-сола мефурӯхт, дастгир намуданд.



«Аз рӯи ин далел нисбат ба ҳарду зан парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст», – гуфт Асадуллоев ва афзуд, ки кӯдаки навзод барои нигоҳубин ба дасти хешовандон супорида шудааст.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...