Хуҷанд. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Болоравии қурби доллар ба нархҳои маводи ғизоӣ дар вилояти Суғд таъсир нарасонд.
Тавре аз шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пас аз ҷашнҳои солинавӣ бо ба фаъолият пардохтани муассисахои молиявӣ қурби доллари амрикоӣ тамоили болоравӣ дошт. Қурби расмии доллар ба санаи 4-уми январ 3,45 сомонӣ (харид) арзиш дошта, нархи он дар бозор муъодили 3,49 сомонӣ буд. Ба санаи 9-уми январ қурби расмии он 3,46 сомониро ташкил дода, дар бозор арзиши он ба 3,59 сомонӣ баробар гашт.
Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии қурби доллари амрикоӣ, дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд нархҳо бетағйир боқӣ монданд. Дар бозорҳо картошка мисли пештара – 1,8 сомонӣ, карам – ҳудуди 80 дирам, пиёз – 1,9 сомонӣ, равған – 5,4 сомонӣ ва шакар – 2,6 сомонӣ арзиш дорад.


