Дипломати бритониёӣ бинобар анҷоми ваколаташ дар ҷумҳурӣ бо рӯзноманигорон мулоқот орост

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири кабири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Грэм Лотен, ки нимаи ҳамин моҳ ваколаташ ба анҷом мерасад, бо таассуф Тоҷикистонро тарк мекунад. Дар мулоқоти ахири худ бо рӯзноманигорон Г.Лотен изҳор дошт, ки ӯ нисбат ба дигар сафирон аз ҳама бештар – муддати 4 солу 7 моҳ ба ҳайси сафири кишвараш […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири кабири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Грэм Лотен, ки нимаи ҳамин моҳ ваколаташ ба анҷом мерасад, бо таассуф Тоҷикистонро тарк мекунад.




Дар мулоқоти ахири худ бо рӯзноманигорон Г.Лотен изҳор дошт, ки ӯ нисбат ба дигар сафирон аз ҳама бештар – муддати 4 солу 7 моҳ ба ҳайси сафири кишвараш дар ҷумҳурии мо ифои вазифа намуда, дар ин давра аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боздид ба амал овардааст ва бо воқеияти Тоҷикистон аз наздик шинос аст. «Ман чунин эҳсос мекунам, ки Тоҷикистонро ояндаи нек интизор аст, зеро бахши сайёҳӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо дар ҳоли рушд қарор дошта, равобити ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дигар сохторҳои ҷамъиятӣ густариш меёбанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сафир, дар давоми ифои вазифа ба ӯ муяссар гаштааст, ки қариб дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳимро амалӣ созад.



Ёдрас мекунем, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Грэм Лотенро бинобар анҷоми ваколаташ ба ҳузур пазируфта буд. Рӯзҳои наздик мулоқоти сафир бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Сафири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Мур рӯзи 19-уми январ ба Душанбе хоҳад омад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.