Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа оғоз намуданд

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистонро шаби 9-ум ба 10-уми январ аз хона ба берун кашид, оғоз намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии кишвар хабар доданд. Ба […]

Наргис Ҳамробоева/Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистонро шаби 9-ум ба 10-уми январ аз хона ба берун кашид, оғоз намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии кишвар хабар доданд.




Ба гуфтаи худи шаҳрвандон, занги телефонии хешовандону дӯстон, ки ба маълумоти марказҳои зилзиланигорӣ, фолбинҳо ва ҳатто Васоити Ахбори Омма такя менамуданд, онҳоро водор ба тарки манзил карданд. Овозаи беасос дар як лаҳза тамоми кишварро давр зада, миёни мардум воҳима андохт. Аксари одамон шабро дар кӯчаву хиёбонҳои сард, дохили мошинҳо ва атрофи гулханҳо паси сар карданд.



Танҳо субҳи рӯзи дигар, баъди суханронии олим ва зилзилашиноси тоҷик Собит Неъматуллоев тавассути шабакаҳои телевизионӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ором шуданд. Неъматуллоев дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба овозаҳои марбут ба заминларза бовар накунанд, зеро ки то кунун дар ҷаҳон таҷҳизот ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминларзаро пешгӯӣ кунад.



Воқеъан, тавре ба мо аз маркази зилзиланигории Душанбе иттилоъ доданд, ҳамон шаби 9-ум ба 10-уми январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашуд.

  



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.