Соли гузашта ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 247 млн. $ афзуд

            Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми январи соли 2009 ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 366 млн. Доллари амрикоиро ташкил медиҳад.             Дар ҷаласаи васеъи вазорати молияи ҷумҳурӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои пардохти қарзи давлатии хориҷӣ соли гузашта 308 млн. $ маблағ ҷудо гардид, ки 250 […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми январи соли 2009 ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 366 млн. Доллари амрикоиро ташкил медиҳад.





           

Дар ҷаласаи васеъи вазорати молияи ҷумҳурӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои пардохти қарзи давлатии хориҷӣ соли гузашта 308 млн. $ маблағ ҷудо гардид, ки 250 млн. аз он барои пардохти қарзи асосӣ ва боқимонда 58 млн. барои пардохти фоизҳо равона гардидааст.




           

Ба гуфтаи вазири молия, ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ 28,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки он қаноатбахш аст, зеро дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ин нишондиҳанда то 60 дарсад мерасад.




           

Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли 2008 ба 1 млрд. 119 млн. $ баробар буд ва соли гузашта он мутаносибан ба андозаи 247 млн. $ афзудааст.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.