Дар Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсади нашъамандон ҳероин истеъмол мекунанд

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба дафтари кории Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи асноди марбут ба таъсиси Маркази минтақавии иттилоотиву таҳлилии мубориза бо маводи мухадирро дар заминаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.             Зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Рустам Назаров изҳор дошт, ки феълан Маркази иттилоотиву ҳамоҳангсозии мубориза бо […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба дафтари кории Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаи асноди марбут ба таъсиси Маркази минтақавии иттилоотиву таҳлилии мубориза бо маводи мухадирро дар заминаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.





           

Зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Рустам Назаров изҳор дошт, ки феълан Маркази иттилоотиву ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. «Интизор меравад, ки дар фурсати наздиктарин лоиҳа мавриди амал қарор мегирад ва айни замон мутахассисон барои кор дар марказ интихоб карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта шумори нашъамандон дар ҷумҳурӣ ба 68 нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли 2009 шумори онҳо 8 ҳазору 660 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати тандурустии кишвар, аз миқдори умумии нашъамандон 442 нафарашон занон буда, 79,4 дарсади онҳо ҳероин ва 56,7 дарсади нашъамандон тариқи сӯзандору маводи мухаддирро истеъмол мекунанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.