Дар Тоҷикистон пайгарди қонунии собиқ директори «Талко» қатъ гардид

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бинобар моҳи ноябри соли гузашта бозпас гирифтани даъвои ширкати «Талко» аз болои ширкати «Ансол», роҳбари он Аваз Назаров ва собиқ директори ширкати «Талко»   Абдуқодир Эрматов аз Додгоҳи салтанатии Лондон, ҳамаи парвандаҳои ҷиноии қаблан аз ҷониби […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бинобар моҳи ноябри соли гузашта бозпас гирифтани даъвои ширкати «Талко» аз болои ширкати «Ансол», роҳбари он Аваз Назаров ва собиқ директори ширкати «Талко»

 

Абдуқодир Эрматов аз Додгоҳи салтанатии Лондон, ҳамаи парвандаҳои ҷиноии қаблан аз ҷониби Додситонии кулли ҷумҳурӣ бозшуда дар мавриди онҳо қатъ карда шуд.





           

Додситони кулли ҷумҳурӣ афзуд, ки минбаъд А.Эрматов ва А.Назаров таҳти пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд дошт ва мувофиқи хоҳиш метавонанд аз Тоҷикистон боздид намоянд.



Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюминиуми Тоҷикистон «TalCo» даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. Ҳамин гуна “Ансол» ҳам аз даъвояш гузаштааст.



Тибқи гузориши радиои Озодӣ, моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Салтанатии Британия даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфта буд. Коршиносон аз хароҷоти ҳуқуқии бузурги ин муҳокима, ки

 

ба


90 000 000 фунт

стерлинги Бритониё баробар будааст, ба ҳайрат омада буданд.

   




“Талко” – ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон даъво дошт, ки собиқ коршарикаш ширкати “Ансол” дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон бар ин назар буд, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров

 

бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов-раиси пештараи “Талко” (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: ТадАЗ) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.

   




Нашрияи британиявии “Times” аз нақли тарафи даъвогар навишта буд, ки бар ивази хидматҳояш “Ансол” ба Эрматов ба маблағи

300 000 фунт

стерлинг хона тӯҳфа кардааст, ки дар он фарзанди Эрматов иқомат дорад.



Вале дар навбати худ Аваз Назаров даъво дошт, ки ширкати “Талко” ба “Ансол” 130 миллион доллар қарздор аст.

 

Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров бо кӯмаки “Ансол” корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров изҳор намуда буд, ки “Ансол” миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо масраф намудааст.



Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллоҳзода шомил буданд.



Ба қавли коршиносон сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надошт.



Талко ягона корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 000 тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, додугирифти “Талко” ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.