Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи интиқоди додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин ибрози ақида намуд, ки Агентии зиддифасод бояд фаъолияти худро такмил диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои коррупсияро на танҳо дар байни омӯзгорону табибон, балки мебояд миёни мансабдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ намуд. «Дар ин самт соҳаҳои савдову тиҷорат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, мақомоти тақсимоту таъминоти газ ва гумрук аз назорат берун мондаанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки кӯшишҳои кормандони агентӣ ҷиҳати кам кардани ҳодисаҳои коррупсия миёни табибон ҳеҷ натиҷае намедиҳанд, зеро «табобати ройгон» аллакай мавҷуд нест.
Ба ақидаи профессор, агентӣ бо ҷомеа робитаи зич надорад. Ӯ таъкид сохт, ки кормандони агентӣ бояд миёни мардум чорабиниҳо доир намоянд, зеро танҳо мардум метавонад ошкоро дар бораи мушкилоти ҷойдошта ҳарф занад. «Онҳо ҳатто бо коршиносони ин соҳа ҷиҳати гирифтани тавсияву пешниҳодот оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бо ин падида машварат намекунанд», – афзуд Ҳ.Умаров.


