Ҳ.Умаров: Агентии зиддифасод ба такмили фаъолият ниёз дорад

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи интиқоди додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин ибрози ақида намуд, ки Агентии зиддифасод бояд фаъолияти худро такмил диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои коррупсияро на танҳо дар байни омӯзгорону табибон, балки мебояд миёни мансабдорон […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи интиқоди додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин ибрози ақида намуд, ки Агентии зиддифасод бояд фаъолияти худро такмил диҳад.




Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои коррупсияро на танҳо дар байни омӯзгорону табибон, балки мебояд миёни мансабдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ намуд. «Дар ин самт соҳаҳои савдову тиҷорат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, мақомоти тақсимоту таъминоти газ ва гумрук аз назорат берун мондаанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки кӯшишҳои кормандони агентӣ ҷиҳати кам кардани ҳодисаҳои коррупсия миёни табибон ҳеҷ натиҷае намедиҳанд, зеро «табобати ройгон» аллакай мавҷуд нест.



Ба ақидаи профессор, агентӣ бо ҷомеа робитаи зич надорад. Ӯ таъкид сохт, ки кормандони агентӣ бояд миёни мардум чорабиниҳо доир намоянд, зеро танҳо мардум метавонад ошкоро дар бораи мушкилоти ҷойдошта ҳарф занад. «Онҳо ҳатто бо коршиносони ин соҳа ҷиҳати гирифтани тавсияву пешниҳодот оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бо ин падида машварат намекунанд», – афзуд Ҳ.Умаров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.