Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даромади пулии аҳолии ҷумҳурӣ
дар моҳҳои январ-ноябри соли 2008 аз рӯи маълумоти пешакӣ, 8 млрд. 523,2 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 бо нархҳои амалӣ 37 дарсад зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар,хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар ин давра 8 млрд. 602,8 млн. сомониро ташкил кард. Барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонӣ аҳолӣ 61,3 дарсад ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ, мутобиқан 25,2 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳоро сарф кардааст.
Даромади ҳақиқии дар ихтиёр доштаи аҳолӣ (даромадҳо аз хориҷ кардани пардохтҳои ҳатмии тасҳеҳшудаи индекси нархҳои истеъмолӣ) дар моҳҳои январ-ноябри соли 2008 нисбати ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 1,8 дарсад зиёд шудааст.


