Соли равон буҷаи шаҳри Кӯлоб дар муқоиса бо соли пешин 75 дарсад афзуд

            Кӯлоб. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ қисми даромади буҷаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми умумии 14 млн. 975 ҳазору 412 сомонӣ тасдиқ гардида, қисми хароҷоти он бо назардошти воридоти маблағҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 27 млн. 441 ҳазору 32 сомониро ташкил хоҳад дод, ки он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2008 мутаносибан ба андозаи […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ қисми даромади буҷаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми умумии 14 млн. 975 ҳазору 412 сомонӣ тасдиқ гардида, қисми хароҷоти он бо назардошти воридоти маблағҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 27 млн. 441 ҳазору 32 сомониро ташкил хоҳад дод, ки он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2008 мутаносибан ба андозаи 65 ва 47 дарсад зиёдтар буда, гувоҳи афзалиятнокии самти иҷтимоии буҷа аст.





           

Тавре сардори раёсати молияи ҳукумати шаҳр Бахтиёр Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 15 млн. 348 ҳазору 244 сомонӣ ё худ 56 дарсад зиёдтар маблағ нисбат ба соли гузашта ҷудо карда мешавад. «Ба соҳаи тандурустӣ 5 млн. 650 ҳазору 130 сомонӣ (20 дарсад бештар нисбат ба соли 2008) ихтисос дода шуда, бори нахуст маблағгузорӣ барои рушди фарҳанг ба нишондиҳандаи миллион сомонӣ наздик мешавад», – гуфт ӯ.




           

Б.Назаров ҳамчунин афзуд, ки ба соҳаи сохтмон ба таври иловагӣ 1 млн. 250 ҳазор сомонӣ ва рушди нақлиёти заминӣ ва коммуникатсия 450 ҳазор сомонӣ маблағ равона мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.