Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2009 Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ дар доираи марҳилаи дуввуми татбиқи лоиҳа анҷоми сохтмони нӯҳ мактаби таҳсилоти умумиро ба нақша гирифт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорҷӯбаи амалисозии марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа дар 16 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9,2 млн. $ беш аз 30 иншоот дар соҳаи маориф бунёду барқарор гардид. Ҳамчунин то оғози соли нави хониш нашри китобҳои дарсии нав ба миқдори умумии 360 ҳазор нусха пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки минбаъд омодасозии макотиб ба гузаштан таҳти низоми маблағгузории инфиродӣ сурат хоҳад гирифт.
Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ ба рушди стратегия дар бахши маориф нигаронида шуда, аз ҳисоби гурӯҳи мададрасонон тавассути Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Амалисозии лоиҳа 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.


