Имрӯз ноҳияи Тавилдара ҳам аз барқ маҳрум шуд

Тавилдара 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Тавилдара қатъ гардид. Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иллати набудани алоқа алҳол бо намояндагони масъули ширкати «Барқи тоҷик» тамос гирифтан имконнопазир аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҷӯӣ карда шавад. А.Каримов қайд кард, […]

Бимукарррама Насруллоева


Тавилдара 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Тавилдара қатъ гардид.




Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иллати набудани алоқа алҳол бо намояндагони масъули ширкати «Барқи тоҷик» тамос гирифтан имконнопазир аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҷӯӣ карда шавад.



А.Каримов қайд кард, ки дар ноҳия 5 нерӯгоҳи барқии хурд бо иқтидори 15-16 кВт/соат амал мекунанд, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ноҳия басанда нест. «Дар деҳаҳои Чашмаи Кабуд ва Қаранаку Шоҳкаҳак бо дастгирии Корпуси шафқат ва Барномаи рушди СММ нерӯгоҳҳои хурд бунёд ёфтаанд», – гуфт ӯ.



Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муридон ва Таги Ағба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои худ нерӯгоҳҳои хурд бунёд намудааст, ки дар мавсими зимистон дар деҳаи аввал 25 оила ва дар деҳаи дуввум 8 олиаро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.