Раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва як зумра мансабдорони дигар аз вазифа сабукдӯш карда шуданд

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии ҳкумати ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримовро аз вазифа озод намуд. Ғайр аз ин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев бо сабаби […]

root


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии ҳкумати ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримовро аз вазифа озод намуд. Ғайр аз ин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа сабукдӯш гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳ.Солиев барои кори тӯлонию самарабахшаш дар бобати

 

беҳтар сохтани

 

вазъи соҳаи андоз миннатдорӣ баён кард.




Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди нерўи барқ, ки асосан аз ҳисоби аҳолӣ аст ва ҳаҷми он дар соли 2008 2,9 миллиардро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуда, ба мардуми кишвар муроҷиат намуд, ки маблағҳои истифодабарии барқро саривақт ва пурра пардохт намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.