Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои кӯмак ба аҳолии навори Ғазза дар ҷумхурӣ 100 ҳазор сомонӣ (наздики 28 ҳазор $) ҷамъоварӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ҲНИТ – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл роҳбарияти ҳизб намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза ба Фаластин равон кард.
Ба гуфтаи Сайфуллозода, феълан намояндаи ҲНИТ дар Миср қарор дошта, аз он ҷо ба борикаи Ғазза сафар хоҳад кард. «Ҳарчанд ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳизби мазкур барои баргузор кардани як гирдиҳамоии серҷамъият дар ҳудуди Душанбе ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза расман посухи рад дод, ҳизби мо кӯшиш дорад, роҳҳои дигари изҳори ҳамдилӣ ба бародарони мусулмонро пайдо кунад», – гуфт Сайфуллозода.
Ёдовар мешавем, шоми 17-уми январ Исроил ба таври якҷониба амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро қатъ кард. Ин амалиёт дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи 3 ҳафта аз замони шурӯъи он дар борикаи Ғазза дастикам ҳазору 300 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд. Ба гузориши оҷонсии иттилоотии Новостии Русия нимаи рӯзи оянда Ҳаммос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ низ оташбас эълон карданд
.


