ҲНИТ намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза ба Фаластин равон кард

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои кӯмак ба аҳолии навори Ғазза дар ҷумхурӣ 100 ҳазор сомонӣ (наздики 28 ҳазор $) ҷамъоварӣ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ҲНИТ – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл роҳбарияти ҳизб намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои кӯмак ба аҳолии навори Ғазза дар ҷумхурӣ 100 ҳазор сомонӣ (наздики 28 ҳазор $) ҷамъоварӣ гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ҲНИТ – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл роҳбарияти ҳизб намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза ба Фаластин равон кард.



Ба гуфтаи Сайфуллозода, феълан намояндаи ҲНИТ дар Миср қарор дошта, аз он ҷо ба борикаи Ғазза сафар хоҳад кард. «Ҳарчанд ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳизби мазкур барои баргузор кардани як гирдиҳамоии серҷамъият дар ҳудуди Душанбе ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза расман посухи рад дод, ҳизби мо кӯшиш дорад, роҳҳои дигари изҳори ҳамдилӣ ба бародарони мусулмонро пайдо кунад», – гуфт Сайфуллозода.



Ёдовар мешавем, шоми 17-уми январ Исроил ба таври якҷониба амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро қатъ кард. Ин амалиёт дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи 3 ҳафта аз замони шурӯъи он дар борикаи Ғазза дастикам ҳазору 300 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд. Ба гузориши оҷонсии иттилоотии Новостии Русия нимаи рӯзи оянда Ҳаммос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ низ оташбас эълон карданд


.

 





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.