Нерӯгоҳи Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард

Хуҷанд. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Қайроққум – Раҳмат Бурҳонов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ 18-уми январ ба анҷом расида, аз 6 агрегати мавҷуда 5-тоаш пурра […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Қайроққум – Раҳмат Бурҳонов иттилоъ дод.




Ба гуфтаи ӯ, корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ 18-уми январ ба анҷом расида, аз 6 агрегати мавҷуда 5-тоаш пурра ба кор дароварда шуд. «Бо ба кор оғоз кардани чархаи 6-ум, нерӯгоҳи Қайроққум шабонарӯзӣ 2 миллиону 200 ҳазор киловатт соат барқ истеҳсол хоҳад кард», – гуфт Бурҳонов.



Хотиррасон мекунем, шаби 14-ум ба 15-уми январ дар натиҷаи зери об мондани таҳхонаи нерӯгоҳи Қайроққум вазъи садамавӣ ба амал омад, ки боиси комилан манъ гардидани истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ гардид. Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум беш аз 30 дарсади аҳолии вилояти Суғдро бо барқ таъмин мекунад.

 


   




Бо вуҷуди ба кор даромадани нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум, вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ дар вилояти Суғд ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, 17-уми январ истифодабарандагони маҳаллӣ бо 5 миллион киловатт соат ва рӯзи гузашта бо 4 миллиону 330 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ таъмин гардиданд. Ин дар ҳолест, ки талабот ба барқ дар ин фасли сол дар вилоят, дар як шабонарӯз 14-15 миллион киловатт соат ва бо назардошти реҷаи маҳдуд 7-8 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.



Имрӯзҳо нерӯи барқ ба шаҳри Хуҷанд 2 соат пагоҳӣ ва 3 соат шомгоҳӣ ва ба дигар шаҳрҳои вилоят 1- соати субҳ ва шом интиқол мегардад. «Реҷаи интиқоли барқ ба ноҳияҳои дигари вилоят аз ин ҳам маҳдудтар аст», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки иншооти махсусан муҳими вилоят мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.

  



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.