ТАЛКО ва шариконаш дар Тоҷикистон 11 корхонаву иншооти бузург бунёд мекунанд

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳамкории «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфуз аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон мутобиқи Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштан дар истеҳсоли алюминий дар ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз ва водии Рашт   11 корхонаю иншооти бузург бунёд хоҳанд ёфт, ки дар онҳо 30- 35 ҳазор […]

root


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳамкории «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфуз аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон мутобиқи Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштан дар истеҳсоли алюминий дар ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз ва водии Рашт

 

11 корхонаю иншооти бузург бунёд хоҳанд ёфт, ки дар онҳо 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли креолит ва алюминийи фтордор бо шарикони чинии

 

«Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон аллакай оғоз ёфтааст ва то моҳи майи соли 2009 бояд ба истифода дода шаванд.




Дар корхонаи «Тоҷикхимпром» ҳоло барқарорсозии хатҳои технологии истеҳсоли содаи каустикӣ

 

ва хлори моеъ дар арафаи анҷомёбӣ аст ва

 

баҳри ба роҳ

 

мондани истеҳсоли кислотаи хлорид, содаи калсийдор ва дигар маводи кимиёвӣ

 

тадбирҳо андешида мешаванд.



Баҳри бунёди корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он сохтмони корхонаҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома дорад, ки чанд тои онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуҷанд қисман ба кор омода гаштаанд. Бунёди ҳамин гуна корхонаҳо ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамену Мастчоҳ низ идома дорад. Ҳамаи ин корхонаҳо дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудан ҳар сол метавонанд аз

 

20 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол кунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.