С.Шарипов: Элитаи сиёсии Тоҷикистон ва кишварҳои собиқ шӯравӣ тадриҷан аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ даст мекашанд

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар фарҷоми конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Хусусияти иҷтимоии рушди фарҳанги сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсии Русия ва Фонди Роза Люксембурги Олмон созмон дода шуд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар фарҷоми конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Хусусияти иҷтимоии рушди фарҳанги сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсии Русия ва Фонди Роза Люксембурги Олмон созмон дода шуд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов изҳор дошт, ки тамоми низоми сиёсӣ ва элитаи сиёсии кишварҳои собиқ шӯравӣ тадриҷан аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ даст мекашад.




Зимни шарҳи масъалаи раванди ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ дар як қатор мамолики собиқ шӯравӣ ва бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ С.Шарипов ин равандро шартан ба се марҳила ҷудо намуд.



Номбурда гуфт, «марҳилаи аввалро метавон марҳила аз рӯи одат номид ва он ҳамчун идомаи урфу одатҳои меросмонда аз даврони шӯравӣ ва дарки ҳамбастагии кишварҳои собиқ иттиҳод ҷараён гирифтааст». «Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷуз кишварҳои соҳили Балтика, мамолики боқимонда аз рӯи хислати одатшуда ба ин ё он тарз ба маркази ягона – Кремл майл доштанд ва иллати он хаёли хом дар бораи аз нав рӯи кор омадани давлати абарқудрати шӯравӣ буд, ки ба зуҳури он аксари элитаҳои сиёсӣ омода буданд», – гуфт ӯ.



Марҳилаи дуввумро С.Шарипов чун раванди дигаргунӣ арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки дар ин давра кишварҳои собиқ шӯравӣ бо озод шудан аз хаёли хом, баҳри пайдо кардани мақоми нав дар низоми муносиботи байнлмилалӣ талош варзиданд, зеро барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ кори басо сангине буду Русия саропо машғули ҳалли мушкилоти дохилии хеш қарор дошт ва аз ин рӯ, ба мамолики собиқ шӯравӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намегардид. «Ҳамин тариқ, тадриҷан ҷараёни саввуми ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ – зуҳури доктринаҳои нави мустақили сиёсати хориҷӣ дар зеҳни элитаҳои сиёсии ин кишварҳо сурат гирифт ва ба он муносибати кунунии Русияву Гурҷистон мисол буда метавонад, зеро имрӯз дар Гурҷистон нерӯҳои тавонову ҷиддии ҷонибдори Русия мавҷуд нестанд», – изҳор дошт коршиноси масоили сиёсӣ.



Ба ақидаи коршинос, феълан раванди тадриҷии дур шудани кулли низом ва элитаҳои сиёсии кишварҳо аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ тамоми мамолики собиқ шӯравиро фаро гирифтаааст, ки он омили мусбат нест.



Дар мавриди ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ дар Тоҷикистон С.Шарипов чунин ибрози андеша намуд, ки дар ҷумҳурӣ ин раванд бидуни марҳилаҳои зикргардида сурат мегирад. «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ИДМ ва мамолики Аврупову Амрико ва ҷаҳони араб бунёдӣ (фундаменталӣ) аст, ки мо тоза барои худ кашф менамоем», – баён дошт С.Шарипов.



Ба гуфтаи коршинос, дар ин маврид фарҳанги сиёсӣ бевосита бо маърифати сиёсӣ марбут аст. «Ба андозаи бештар маърифатнок гаштан, ҷаҳонбинии элитаи мо низ фарохтар мешавад ва он аз арзёбии Русия чун маркази ҷолиби ҳамгиройии сиёсӣ торафт дур мегардад», – афзуд С.Шарипов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.