ТАЛКО ва шариконаш дар Тоҷикистон 11 корхонаву иншооти бузург бунёд мекунанд

Date:


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳамкории «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфуз аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон мутобиқи Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштан дар истеҳсоли алюминий дар ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз ва водии Рашт

 

11 корхонаю иншооти бузург бунёд хоҳанд ёфт, ки дар онҳо 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли креолит ва алюминийи фтордор бо шарикони чинии

 

«Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон аллакай оғоз ёфтааст ва то моҳи майи соли 2009 бояд ба истифода дода шаванд.




Дар корхонаи «Тоҷикхимпром» ҳоло барқарорсозии хатҳои технологии истеҳсоли содаи каустикӣ

 

ва хлори моеъ дар арафаи анҷомёбӣ аст ва

 

баҳри ба роҳ

 

мондани истеҳсоли кислотаи хлорид, содаи калсийдор ва дигар маводи кимиёвӣ

 

тадбирҳо андешида мешаванд.



Баҳри бунёди корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он сохтмони корхонаҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома дорад, ки чанд тои онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуҷанд қисман ба кор омода гаштаанд. Бунёди ҳамин гуна корхонаҳо ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамену Мастчоҳ низ идома дорад. Ҳамаи ин корхонаҳо дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудан ҳар сол метавонанд аз

 

20 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол кунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...