Кӯлоб. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст.
Тавре директори корхонаи фаръии байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии»-и Кӯлоб Абдухолиқ Лоиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2007 ба кори ба тартиб овардани ному шумора ва дигар нишондодҳои кӯчаву хонаҳо шурӯъ кардааст, вале бо имконоти худ танҳо аз ӯҳдаи таҳқиқи ҳамагӣ 164 манзили зисти аз 4 то 9-ошёна баромадааст. «Дар шаҳр боз 8010 адад манзили зисти шахсӣ ба қайд гирфта шудааст ва чун корхонаи мо мустақилу худмаблағгузор аст, мо барои доир сохтани чунин кор маблағи кофӣ надорем», – гуфт ӯ.
А.Лоиқов мегӯяд, маблағи кори иҷрокардаи корхона ба 42 ҳазору 858 сомонӣ арзёбӣ шудааст, вале то ҳанӯз ҷиҳати пардохти маблағи мазкур ба корхона касе шитоб надорад, ҳарчанд барои ин кор маблағи зарурӣ дар ҳукумат ҷудо гардидааст.


