Ҳукумати Ҷопон баҳри беҳбуд бахшидани заминаи фаннии Осорхонаи миллии таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бурси иловагӣ ҷудо мекунад

Душанбе.21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз байни ҷаноби Йошиҳиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Раҳим Масов, Директори Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Беҳбуди иқтидори таҷҳизоти бойгонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ”, созишнома ба имзо хоҳад расид. Осорхонаи […]

root


Душанбе.21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз байни ҷаноби Йошиҳиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Раҳим Масов, Директори Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Беҳбуди иқтидори таҷҳизоти бойгонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ”, созишнома ба имзо хоҳад расид.




Осорхонаи миллии бостонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ аз соли 2001 инҷониб барои мардум дарҳои худро боз карда, имкони бо таърих ва фарҳанги бостонии халқи тољик аз наздик шинос шуданро фароҳам меорад. Дар толорҳои осорхона зиёда аз сад ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ гузошта шуданд, ки ба тамоми давраҳои таърихии асри сангин то асрҳои миёна тааллуқ доранд. Бозёфтҳои дайри будоии Аҷинатеппа дар осорхона мақоми махсусро доранд ва машҳуртарини онҳо муҷассамаи 13-метраи “Буддо дар нирвана”, ки ба асрҳои VII-VIII мелодӣ мансуб аст, ба шумор меравад.



Гарчанде Осорхонаи бостонӣ барои андӯхт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ёдгориҳои қадимӣ чораҳои муайян андешидаст, вале барои боз ҳам хубтар нигоҳ доштани бозёфтҳо ба баъзе мушикилиҳо дучор мешавад. Соли 2003 Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти фарҳангӣ барои бо таҷҳизоти намоишӣ таъмин кардани Осорхонаи бостонии Тоҷикистон 45,900,000 йени ҷопонӣ (қариб 460,000 доллари ИМА) ҷудо кард. Бо такя ба ин ва баҳри беҳбуд бахшидани пойгоҳи фаннии ин Осорхона, Ҳукумати Ҷопон тасмим грифтааст 87, 867 доллари ИМА маблағи иловагиро ҳамчун кӯмаки бебозгашт ҷудо намояд. Лоиҳаи “Беҳбуди иқтидори таҷҳизоти бойгонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ” дар тӯли як сол амалӣ гашта, баъди ба итмом расондан шароити мусоид барои нигоҳ доштани бозёфтҳои осорхона ва инчунин барои кашфиётҳои бостоншиносӣ ва барқарокунии онҳо таъмин хоҳад кард. Дар ин бора аз сафоратиҶопон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.




 



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.