Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Солҳои наздик Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Агентии меъмориву сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов изҳор дошт, ки соли гузашта шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат соҳиби нақшаҳои генералии сохтмон гардида, таҳияи нақшаи генералии сохтмони шаҳри Хуҷанд дар арафаи анҷомёбист.
Номбурда гуфт, нақшаи генералии сохтмони шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2006 таҳия гардида буд, вале бо назардошти баъзе камбудиҳо феълан он дар ҳоли такмил қарор дорад. «Барои таҳияи чунин нақшаҳо мутахассисони маҳаллӣ хеле каманд ва таҳияи тарҳу нақшаҳо бо ширкати коршиносони хориҷӣ, аслан аз Русия сурат мегиранд», – гуфт ӯ.
А.Комилов афзуд, ки айни замон корҳои такмили Нақшаи генералии шахри Душанбе низ бо иштироки мутахассисони русиягӣ ба иҷро расида истодааст.


