Боздиди даҳрӯзаи Э.Раҳмон аз кишварҳои Аврупо

            Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи феврал ба ҷуз сафари расмӣ ба кишварҳои назди Балтика ва Белгия, аз Хорватия низ боздид хоҳад кард.             Дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки зимни боздид аз мамолики Аврупо дидору гуфтушуниди президенти ҷумҳурӣ бо сарони […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи феврал ба ҷуз сафари расмӣ ба кишварҳои назди Балтика ва Белгия, аз Хорватия низ боздид хоҳад кард.





           

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки зимни боздид аз мамолики Аврупо дидору гуфтушуниди президенти ҷумҳурӣ бо сарони ин кишварҳо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, парлумони Аврупо ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар назар аст.




           

Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари мазкур ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. «Феълан бандарҳои баҳрии Эстония, Латвия ва Литва барои истифодаи воридоту содироти бор барои ҷумҳурӣ нақши муҳим доранд ва сарвари давлат бо ҳамтоҳои худ масъалаи мазкурро муҳокима хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Белгияву Хорватия оид ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.