Котиботи Шӯрои машваратии соҳибкорони ҷумҳурӣ пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷоратро дархост мекунад

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷорат, такмили заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид сохтани он ба барномаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро дархост кард. Тавре роҳбари Котибот Шералӣ Зардов ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷорат, такмили заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид сохтани он ба барномаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро дархост кард.




Тавре роҳбари Котибот Шералӣ Зардов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барномаи «200 рӯзи ислоҳот» аз амалисозии ба самти мусбат тағйир додани нишондодҳои фаъолияти соҳибкорӣ иборат буда, ҳадаф аз он таҳияи маҷмӯи асноди қонунгузорӣ ва соддакунии тартибу қоидаҳои маъмурӣ баҳри беҳбуди ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аст.



«Котибот ният дорад, тавсияҳоро ба низом дароварда, онро ҷиҳати баррасӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки бо мақсади таҳияи барномаи зикршуда таъсис дода мешавад, пешниҳод намояд», – афзуд Ш.Зардов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.