Кишоварзони тоҷик каме зиёдтар аз 37 млн. сомонӣ қарзи ҷудокардаи бонкҳо ва давлатро баргардониданд

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми пардохти қарзи ҷудокарда ба хоҷагиҳо ба санаи 26-уми декабри соли гузашта 37,2 млн. сомониро ташкил дод. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2008 ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар 371,1 млн. сомонӣ қарз дода шуд, ки 211,8 млн. сомонӣ воситаҳои муассисаҳои қарздиҳанда буда, […]

Парвина Ҳамидова


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми пардохти қарзи ҷудокарда ба хоҷагиҳо ба санаи 26-уми декабри соли гузашта 37,2 млн. сомониро ташкил дод.




Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2008 ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар 371,1 млн. сомонӣ қарз дода шуд, ки 211,8 млн. сомонӣ воситаҳои муассисаҳои қарздиҳанда буда, 140 млн. сомонӣ маблағи буҷа аст.



Намояндаи хадамоти матбуотии бонк Абдуғаффор Қурбонов изҳор дошт, ки

 

коҳиши нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба деҳқонон имкон надод, ки қарзҳоро пардохт намоянд ва мӯҳлати пардохти қарзҳо то 1-уми март дароз карда шудааст, ки он ба қарзҳои ҷудошуда аз воситаҳои худи бонкҳо дахл дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.