Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии сохтмони 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд

            Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Солҳои наздик Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд.             Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Агентии меъмориву сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов изҳор дошт, ки соли гузашта шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат соҳиби нақшаҳои генералии сохтмон гардида, таҳияи нақшаи генералии сохтмони шаҳри Хуҷанд дар арафаи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Солҳои наздик Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд.





           

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Агентии меъмориву сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов изҳор дошт, ки соли гузашта шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат соҳиби нақшаҳои генералии сохтмон гардида, таҳияи нақшаи генералии сохтмони шаҳри Хуҷанд дар арафаи анҷомёбист.




           

Номбурда гуфт, нақшаи генералии сохтмони шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2006 таҳия гардида буд, вале бо назардошти баъзе камбудиҳо феълан он дар ҳоли такмил қарор дорад. «Барои таҳияи чунин нақшаҳо мутахассисони маҳаллӣ хеле каманд ва таҳияи тарҳу нақшаҳо бо ширкати коршиносони хориҷӣ, аслан аз Русия сурат мегиранд», – гуфт ӯ.




           

А.Комилов афзуд, ки айни замон корҳои такмили Нақшаи генералии шахри Душанбе низ бо иштироки мутахассисони русиягӣ ба иҷро расида истодааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.