Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми пардохти қарзи ҷудокарда ба хоҷагиҳо ба санаи 26-уми декабри соли гузашта 37,2 млн. сомониро ташкил дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2008 ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар 371,1 млн. сомонӣ қарз дода шуд, ки 211,8 млн. сомонӣ воситаҳои муассисаҳои қарздиҳанда буда, 140 млн. сомонӣ маблағи буҷа аст.
Намояндаи хадамоти матбуотии бонк Абдуғаффор Қурбонов изҳор дошт, ки
коҳиши нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба деҳқонон имкон надод, ки қарзҳоро пардохт намоянд ва мӯҳлати пардохти қарзҳо то 1-уми март дароз карда шудааст, ки он ба қарзҳои ҷудошуда аз воситаҳои худи бонкҳо дахл дорад.


