Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуоти Вазири беҳдошти мамлакат Нусратулло Салимов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси Академияи илмҳои тиббӣ дар назди вазорати тандурустӣ таҳия ва барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор супурда шудааст. «Мақсад аз таъсиси академия, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти марказҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи тандурустӣ мебошад», – қайд кард Салимов.


