Дар Тоҷикистон ба гузаронидани ҷарроҳии иваз намудани гурда шурӯъ мекунанд

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба ҷарроҳии иваз намудани гурда шурӯъ мекунанд. Ба гуфтаи Н.Салимов, чунин навъи ҷарроҳӣ дар бинои 8-уми Маркази миллии тиббӣ, воқеъ дар Қаряи Боло баргузор хоҳад гашт ва барои фаъолияти табибон таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст. […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба ҷарроҳии иваз намудани гурда шурӯъ мекунанд.




Ба гуфтаи Н.Салимов, чунин навъи ҷарроҳӣ дар бинои 8-уми Маркази миллии тиббӣ, воқеъ дар Қаряи Боло баргузор хоҳад гашт ва барои фаъолияти табибон таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст. «Як гурӯҳи пизишкони ҷумҳурӣ ҷиҳати омӯзиш бо чунин навъи ҷарроҳӣ дар Русия таҷриба андӯхта, гурӯҳи дигар рӯзҳои наздик озими Миср хоҳанд гашт», – гуфт ӯ.



Вазири тандурустӣ зикр кард, ки хешу ақрабо метавонанд узви худро ба бемор пешниҳод созанд. «Агар дар хориҷи кишвар арзиши чунин навъи ҷарроҳӣ 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил диҳад, дар Тоҷикистон он аз 4 ҳазор $ зиёдтар нахоҳад буд», – афзуд Н.Салимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.