Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф бо вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Н.Салимов аз мусоидати Олмон ба рушди бахши тандурустии кишвар ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки феълан дар ҳамкории муштарак лоиҳаҳо оид ба ҳифзи солимии модару кӯдак ва мубориза бо бемории сил муваффақона амалӣ мешаванд.
Сафири Олмон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, бо Тоҷикистон дар масоили омӯзиши дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, ба воридоти дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак намояд.
Дар фарҷоми мулоқот Н.Салимов изҳори боварӣ намуд, ки Олмон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони тиббӣ оид ба ҷарроҳии кӯдакон ва дигар намудҳои ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.



