Олмон дар воридоти доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард

Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф бо вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Н.Салимов аз мусоидати Олмон ба рушди бахши тандурустии кишвар ба сафир изҳори миннатдорӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф бо вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Н.Салимов аз мусоидати Олмон ба рушди бахши тандурустии кишвар ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки феълан дар ҳамкории муштарак лоиҳаҳо оид ба ҳифзи солимии модару кӯдак ва мубориза бо бемории сил муваффақона амалӣ мешаванд.



Сафири Олмон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, бо Тоҷикистон дар масоили омӯзиши дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, ба воридоти дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак намояд.



Дар фарҷоми мулоқот Н.Салимов изҳори боварӣ намуд, ки Олмон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони тиббӣ оид ба ҷарроҳии кӯдакон ва дигар намудҳои ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.