Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки афзоиши минбаъдаи шумори гирифторони бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шудааст.
Вазир мегӯяд, тайи ду соли ахир дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расиданд ва акнун зарурате пеш омадааст, ки бо навъи устувори беморӣ муборизаро пурзӯр сохт. «Ин навъи беморӣ дар натиҷаи муолиҷаи нопурра ё дер шудани мӯҳлати табобати он хурӯҷ мекунад ва метавонад барои атрофиён сарчашмаи мубтало гардидан ба ин беморӣ гардад», – гуфт ӯ.
Дар шарҳи масъалаи афзоиши ин беморӣ дар ноҳияи Восеъ Н.Салимов зикр кард, ки соли равон ҳамаи сокинони ноҳияи мазкур аз ташхис гузашта, миёни онҳо мубталоёни навъи устувори бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. «Соли равон в
азорат
оид ба пешгирии доман паҳн кардани бемории сил дар ноҳияи Восеъ ва навоҳии наздики он барномаи махсус
таҳия месозад, ки моҳи май ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд», – изҳор дошт Н.Салимов.
Н.Салимов инчунин гуфт, вазорат «Барномаи мубориза бо бемории сил барои солҳои 2010-2015»-ро низ омода сохта, ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад.
Тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ, соли 2008 дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемории сил 15 ҳазору 443 нафар маризи сил ба қайд гирифта шуд. Соли пешин 6 ҳазор нафар бемори бори нахуст ба касалии сил гирифторшуда ошкор гашт.


