Вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии доман паҳн кардани бемории сил барномаи махсус таҳия месозад

            Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки афзоиши минбаъдаи шумори гирифторони бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шудааст.             Вазир мегӯяд, тайи ду соли ахир дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расиданд ва акнун зарурате пеш омадааст, ки бо навъи устувори беморӣ муборизаро […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки афзоиши минбаъдаи шумори гирифторони бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шудааст.





           

Вазир мегӯяд, тайи ду соли ахир дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расиданд ва акнун зарурате пеш омадааст, ки бо навъи устувори беморӣ муборизаро пурзӯр сохт. «Ин навъи беморӣ дар натиҷаи муолиҷаи нопурра ё дер шудани мӯҳлати табобати он хурӯҷ мекунад ва метавонад барои атрофиён сарчашмаи мубтало гардидан ба ин беморӣ гардад», – гуфт ӯ.




           

Дар шарҳи масъалаи афзоиши ин беморӣ дар ноҳияи Восеъ Н.Салимов зикр кард, ки соли равон ҳамаи сокинони ноҳияи мазкур аз ташхис гузашта, миёни онҳо мубталоёни навъи устувори бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. «Соли равон в


азорат


оид ба пешгирии доман паҳн кардани бемории сил дар ноҳияи Восеъ ва навоҳии наздики он барномаи махсус






таҳия месозад, ки моҳи май ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд», – изҳор дошт Н.Салимов.




           

Н.Салимов инчунин гуфт, вазорат «Барномаи мубориза бо бемории сил барои солҳои 2010-2015»-ро низ омода сохта, ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад.




           

Тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ, соли 2008 дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемории сил 15 ҳазору 443 нафар маризи сил ба қайд гирифта шуд. Соли пешин 6 ҳазор нафар бемори бори нахуст ба касалии сил гирифторшуда ошкор гашт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.