Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов иброз дошт, ки нисбат ба роҳбари ширкате, ки 90 нафар тоҷикистониёнро тавассути раводидҳои қалбакӣ мехост ба ҳаҷ сафарбар созад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Номбурда маблағҳоро азхуд кардааст ва феълан таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, дар содир намудани ин ҷиноят Сайфиддин Тоҷов, соли таваллудаш 1951, ки айни замон дар Маскав будубош дорад, гумонбар дониста мешавад. «Мо бо ҳамтоҳои русиягии худ ҷиҳати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон гуфтушунид дорем», – гуфт М.Солеҳов.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта 90 нафар зоирини тоҷик аз фурудгоҳи Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ бозпас ба ватан фиристода шуда буданд, зеро маълум гардид, ки раводидҳои онҳо қалбакӣ будаанд. Зоирин изҳор дошта буданд, ки раводидҳоро дар яке аз ширкатҳои Душанбе, ки гӯё ҳуҷҷатҳои онҳоро ба сафари ҳаҷ омода месохтаааст, дастрас кардаанд.


