Бо далели тавассути раводиди қалбакӣ сафарбар намудани 90 нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ парвандаи ҷиноӣ боз шуд

            Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов иброз дошт, ки нисбат ба роҳбари ширкате, ки 90 нафар тоҷикистониёнро тавассути раводидҳои қалбакӣ мехост ба ҳаҷ сафарбар созад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Номбурда маблағҳоро азхуд кардааст ва феълан таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.             […]



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов иброз дошт, ки нисбат ба роҳбари ширкате, ки 90 нафар тоҷикистониёнро тавассути раводидҳои қалбакӣ мехост ба ҳаҷ сафарбар созад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Номбурда маблағҳоро азхуд кардааст ва феълан таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, дар содир намудани ин ҷиноят Сайфиддин Тоҷов, соли таваллудаш 1951, ки айни замон дар Маскав будубош дорад, гумонбар дониста мешавад. «Мо бо ҳамтоҳои русиягии худ ҷиҳати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон гуфтушунид дорем», – гуфт М.Солеҳов.




           

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта 90 нафар зоирини тоҷик аз фурудгоҳи Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ бозпас ба ватан фиристода шуда буданд, зеро маълум гардид, ки раводидҳои онҳо қалбакӣ будаанд. Зоирин изҳор дошта буданд, ки раводидҳоро дар яке аз ширкатҳои Душанбе, ки гӯё ҳуҷҷатҳои онҳоро ба сафари ҳаҷ омода месохтаааст, дастрас кардаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.