Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, собиқ қумондони Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, ки дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешаваду таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, айни замон дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов хабар дод.
«Миёни Тоҷикистону АМА оид ба истирдоди ҷинояткорон созишнома мавҷуд нест ва ин монеъаи асосиест барои ба Тоҷикистон бозпас додани Хӯҷа Каримов, вале ман умедворам, ки тариқи гуфтушунид мо ин масъаларо ҳал хоҳем кард», – гуфт М.Солеҳов.


