Доираҳои сиёсии Тоҷикистон барои гиромидошти поси хотири Ҷумъабой Ниёзов ҷамъомад барпо карданд

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта доираҳои сиёсии Тоҷикистон барои гиромидошти поси хотири яке аз асосгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов, ки дар таърихи 10-уми январи соли ҷорӣ аз олам даргузашт, ҷамъомад баропо намуданд. Дар Хонаи иттифоқи касабаи пойтахт намояндагони аҳзоби сиёсӣ, собиқ аъзои Комиссияи оштии миллӣ, дӯстон ва хешу ақрабои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта доираҳои сиёсии Тоҷикистон барои гиромидошти поси хотири яке аз асосгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов, ки дар таърихи 10-уми январи соли ҷорӣ аз олам даргузашт, ҷамъомад баропо намуданд.




Дар Хонаи иттифоқи касабаи пойтахт намояндагони аҳзоби сиёсӣ, собиқ аъзои Комиссияи оштии миллӣ, дӯстон ва хешу ақрабои марҳум ҷамъ омада, атрофи саҳми Ҷ.Ниёзов дар рӯйдодҳои аввали солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ ибрози назар карданд ва марҳумро меҳанпарасти содиқи замони худ арзёбӣ карданд.



Ба гуфтаи муовини раиси ҲДТ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, бо номи Ҷ.Ниёзов ду рӯйдоди муҳими таърихӣ дар кишвар тавъам аст, ки яке ба ҳайати Ӯзбекистон шомил гардидани минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мебошад ва он замон Ҷ.Ниёзов ошкоро муқобилияти худро изҳор дошта, якуним сол зиндонӣ гардида буд. «Рӯйдоди дуввум ба он марбут аст, ки маҳз бо ташаббуси Ҷ.Ниёзов ба шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) номи имрӯзаи таърихиаш баргардонида шуд», – гуфт Ҳ.Умаров.



Иштирокдорони ҷамъомад пшниҳод сохтанд, ки ба кӯчаи Ушакови шаҳри Хуҷанд, ки дар он марҳум зиндагӣ мекард, номи Ҷумъабой Ниёзов гузошта шавад.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.