Вазорати мелиоратсия барои минтақаи Осиёи Марказӣ боз як тобистони хушку беобро пешбинӣ мекунад

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – «Хушксолии соли сипаригашта соли равон ҳам метавонад ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад», – пешбинӣ мекунад вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод. Вазир мегӯяд, ҳарчанд тирамоҳу зимистон намнокӣ зиёд шуда бошад ҳам, як соли хушкӣ ба се соли минбаъда таъсиргузор аст. «Ғайр аз ин, дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – «Хушксолии соли сипаригашта соли равон ҳам метавонад ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад», – пешбинӣ мекунад вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод.




Вазир мегӯяд, ҳарчанд тирамоҳу зимистон намнокӣ зиёд шуда бошад ҳам, як соли хушкӣ ба се соли минбаъда таъсиргузор аст. «Ғайр аз ин, дар обанбори Тухтагул»-и Қирғизистон ҳаҷми об нисбат ба солҳои пешин 3,5 млрд. метри мукааб камтар аст ва дар Тоҷикистон низ вазъ хуб нест, зеро тӯли як моҳ аст, ки мо наметавонем аз Туркманистон барқ гирем ва табиист, ки маҷбурем нерӯгоҳи Қайроққум ва Норакро бо иқтидори пурра истифода намоем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи вазир, дар обанбори Қайроққум ҳаҷми захираи об нисбат ба соли пешин 1 млрд. метри мукааб камтар буда, дар обанбори Норак то мизони ниҳоии иҷозати истифодаи об ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст, ки чунин ҳолат ба таъминоти оби кишварҳои минтақа дар мавсими оянда бетаъсир нахоҳад буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.