С.Сафаров: Изҳороти Д.Медведев бобати истифодаи захоири оби минтақа роҳи дипломатии нодида гирифтани мушкилот аст

Date:


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия оид ба масъалаи истифодаи захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ибрози андеша намуд, ки он воситаи дипломатии нодида гирифтани мушкилот чизе беш нест.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки Русия дар роҳандозии муносиботи устувору мӯътадил бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст ва мушкилоти истифодаи захоири обӣ имрӯз дар минтақа мушкилоти калидӣ гаштаасту мавқеи Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаи мазкур мухолифи Тоҷикистону Қирғизистон аст.



Ба гуфтаи ӯ, воқеъан мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон мухолифи манфиатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон нестанд ва ин ҷо дар навбати аввал манфиатҳои минтақаи Осиёи марказӣ дар маҷмӯъ ба назар гирифта мешавад. «Фикр мекунам, Иттиҳоди Аврупову Амрико тадриҷан ин манфиатҳоро ба хубӣ дарк намуда, ба ҳалли мушкилоти об дар минтақа бо шартҳои мутақобилан судманд таъсир хоҳанд расонд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Сафаров, набояд фаромӯш кард, ки дар минтақа Туркманистону Афғонистон низ ба миқдори зиёди захоири обӣ эҳтиёҷманданд ва бидуни ҳалли комплексии ин масъала ба чизе муваффақ гаштан дар ин самт ғайриимкон аст.



Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетики минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...