Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фарҷоми ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои таъмини иттилооту варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар соҳаи роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ протокол ба тасвиб расиддаст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати давлати Миср роҳандозву густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энргетика, саноат ва кишоварзӣ низ муҳим арзёбӣ намудааст. «Мо дар соҳаи ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдорем, зеро солҳои 60-уми асри гузашта бо кӯмаки бинокорони шӯравӣ, ки дар қатори онҳо мутахассиони тоҷик низ буданд, дар Миср нерӯгоҳи барқии Асуан бунёд гардид», – гуфт роҳбари ҳайати Миср, вазири ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар хонум Фоиза Абуннаҷо.
Хонум Фоиза Абуннаҷо таъкид сохт, ки Миср омода аст бо Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. «Вазорати энергетикаи Миср лоиҳаҳои мушаххас дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод», – афзуд роҳбари ҳайати Миср.


