Имрӯз сарвазири ҷумҳурӣ бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид

Душанбе. 2-юми январ – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», роҳбарият ва мутахассисони нерӯгоҳ ба Сарвазир маълумот доданд, ки бо сабаби камобӣ аз 9 агрегати он се агрегат кор карда, тақрибан 790 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекунад, чор […]

root


Душанбе. 2-юми январ – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.




Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», роҳбарият ва мутахассисони нерӯгоҳ ба Сарвазир маълумот доданд, ки бо сабаби камобӣ аз 9 агрегати он се агрегат кор карда, тақрибан 790 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекунад, чор агрегат ба кор омода буда, ду агрегати дигар ба куллӣ тармим карда мешавад.




            

Баъдан дар маъмурияти нерӯгоҳ таҳти раёсати Сарвазир О.Оқилов бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои марбутаи соҳа маҷлиси ситоди корӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи шахсони масъул дар бораи фаъолияти имрӯзаи нерӯгоҳ шунида шуд. Шахсони мутасаддӣ вазифадор карда шуданд, ки таъмири агрегатҳои нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар анҷом дода, онҳоро ба кор омода созанд. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи тармиму таҷдиди нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар тартиб дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад.




                

Мутахассисони маҳаллӣ ҳамроҳи ҳамкасбони худ аз хориҷи кишвар ду агрегати нерӯгоҳро тармим менамоянд.




           

Ёдовар мешавем, имрӯз Оқил Оқилов 65-сола шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.