Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон бориши зиёд ва лағжиши тармаҳо дар назар аст

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми феврал дар Тоҷикистон бориши зиёд пешгӯӣ карда шудааст. Тавре сардори маркази обуҳавосанҷии Муассисаи давлатии гидрометереология Ҷамила Байдуллоева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар давоми ин рӯзҳо бориши зиёд ва сард шудани ҳарорати рӯзона дар назар аст. «Бориши зиёди давоамдорро мо дар шахри Душанбе, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми феврал дар Тоҷикистон бориши зиёд пешгӯӣ карда шудааст.




Тавре сардори маркази обуҳавосанҷии Муассисаи давлатии гидрометереология Ҷамила Байдуллоева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар давоми ин рӯзҳо бориши зиёд ва сард шудани ҳарорати рӯзона дар назар аст. «Бориши зиёди давоамдорро мо дар шахри Душанбе, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, ноҳияҳои Дарвоз ва Ховалинг интизорӣ дорем», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ, тибқи пешгӯии обуҳавосанҷон, рӯзҳои 3-5-уми феврал тумани ғафс ва вазиши шамол бо суръати 15-


20 метр

дар як сония ба назар гирифта шудааст.



Ҷ.Байдуллоева мегӯяд, ахири даҳаи моҳи феврал ҳарорат тадриҷан то 10-15 дараҷа гармӣ боло меравад. «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо сабаби эҳтимолияти рух додани лағжиши миқдори зиёди тарма, аз истифодаи воситаҳои нақлиёт дар манотиқи кӯхистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.