Дар ҷаласаи Шӯрои парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» баррасӣ шуд

            Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии кишвар баргузор гашт.             Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷлон ва ташкилотҳои динӣ», масъалаи ворид сохтани тағйироту […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии кишвар баргузор гашт.





           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷлон ва ташкилотҳои динӣ», масъалаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия «Дар бораи таъсис ва фаъолияти маркази байнулмилалии таҳқиқотиву илмии «Помир-Чақалатай» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, масоили мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, ки 11-уми феврал ба кор шурӯъ мекунад, пешниҳод гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.