Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон ва Барномаи ҷаҳонии ғизо дирӯз оид ба таъмини қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ созишнома ба имзо расониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо хабар доданд, саҳми ҷониби Ҷопон 4,7 млн. $ буда, он барои харидории 6 ҳазор тонна гандум ва 1 ҳазору 200 тонна лӯбиё масраф хоҳад гардид, ки тавассути сохторҳои Барномаи ҷаҳонии ғизо миёни аҳолӣ тақсим хоҳад гардид.
«Кӯмаки мазкур дар мавсими душвори зимистон ба аҳолии эҳтиёҷманд расонида мешавад», – гуфт дар маросими имзои созишнома директори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Златан Милишич.
Ба иттилои манбаъ, барнома ният дорад, 1,2 млн. нафар қишри осебпазири аҳолии ҷумҳуриро бо кӯмаки ғизоӣ таъмин созад ва бо ин мақсад ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 81,3 млн. $ маводи ғизоӣ ворид созад.



