Ҷопон ба Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ кӯмак мерасонад

            Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон ва Барномаи ҷаҳонии ғизо дирӯз оид ба таъмини қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ созишнома ба имзо расониданд.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо хабар доданд, саҳми ҷониби Ҷопон 4,7 млн. $ буда, он барои харидории 6 ҳазор тонна […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон ва Барномаи ҷаҳонии ғизо дирӯз оид ба таъмини қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ созишнома ба имзо расониданд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо хабар доданд, саҳми ҷониби Ҷопон 4,7 млн. $ буда, он барои харидории 6 ҳазор тонна гандум ва 1 ҳазору 200 тонна лӯбиё масраф хоҳад гардид, ки тавассути сохторҳои Барномаи ҷаҳонии ғизо миёни аҳолӣ тақсим хоҳад гардид.




           

«Кӯмаки мазкур дар мавсими душвори зимистон ба аҳолии эҳтиёҷманд расонида мешавад», – гуфт дар маросими имзои созишнома директори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Златан Милишич.




           

Ба иттилои манбаъ, барнома ният дорад, 1,2 млн. нафар қишри осебпазири аҳолии ҷумҳуриро бо кӯмаки ғизоӣ таъмин созад ва бо ин мақсад ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 81,3 млн. $ маводи ғизоӣ ворид созад.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.